Санаи 15.10.2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимии кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ семинар дар мавзӯи “Маърифати экологӣ - омили муҳимми ҳифзи муҳити зист дар олам” бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон баргузор гардид.
Дар семинар профессори кафедраи мазкур Шодимурод Дустбоев бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзӯи матраҳшуда суханронӣ намуд.
Инчунин, дар семинар мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Фитрат Рустамзода, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷовидон Сафаров, муаллимони калони кафедраҳои назарияи иқтисодӣ ва фанҳои гуманитарӣ Ҳамида Ғафурова ва Шаҳло Сониева иштирок намуданд.