Санаи 15-уми октябри соли 2025 аз ҷониби мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Садафмо Ҳамидова ва мутахассиси шуъба Бойалӣ Ҳусейнов барои донишҷӯёни курсҳои якум суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳӣ оид ба низоми кредитии таҳсилот ва усулҳои баҳогузорӣ баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ шинос намудани донишҷӯён бо низоми таҳсили донишгоҳӣ, тавзеҳи низоми кредитии таҳсилот, усулҳои баҳогузорӣ, баҳогузории ҳафтаина, рейтингҳо (имтиҳонҳои фосилавӣ), имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва мониторинги сатҳи азхудкунии фанҳои таълимӣ мебошад.
Зимни суҳбат масъулин таъкид намуданд, ки дар донишгоҳ шароитҳои зарурӣ барои татбиқи самараноки раванди таълим ва баҳогузории объективӣ мутобиқ ба талаботи муосири таҳсилот фароҳам оварда шудаанд. Ҳамзамон, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки дар раванди омӯзиш фаъолияти мустақилонаи худро тақвият дода, аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла китобхона, платформаҳои электронии таълимӣ ва машғулиятҳои иловагӣ ба таври самаранок истифода баранд.