Рӯзи 16.10.2025 бо ибтикори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” ҷаласаи пленарии конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” бахшида ба Рӯзи соҳибкорон бо иштироки олимон, коршиносон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.
Кори конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бо барномаи ҷаласаи пленарӣ шинос намуд ва суханро ба ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Назарзода Хайрулло Холназар во гузошт.
Нахуст, ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар иштирокчиёни ҷамъомадро бо Рӯзи соҳибкорон ва баргузории конференсия табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, ки он минбаъд барои фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 2012, 2015, 2018, 2022, 2025) оид ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторияҳои гуногун ҷорӣ намуд, ки онҳо барои беҳтар гардидани натиҷаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва кам намудани санҷишҳои мақомотҳои назоратӣ мусоидат намуд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар бомаром рушд карда, имрӯз соҳибкорӣ омили муҳимми рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, махсусан саноатикунонии босуръати кишвар яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, директори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол тариқи маҷозӣ сухани шодбошӣ гуфта, ба кори конференсия барору комёбӣ орзу намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар шароити муосир фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи намуд ва шаклҳои гуногун амалӣ мегардад.
Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкарда нишон медиҳад, ки фаъолияти соҳибкорӣ ба дастгирии доимии давлатӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” иброз доштанд, ки “...дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд”.
Баъдан дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимону коршиносони варзидаи зерини соҳа шунида шуд:
• Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи ”Имкониятҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”;
• Забирзода Некруй - Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”;
• Толибзода Қобил Қосим – д.и.и., профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Афзалиятҳо ва мушкилоти соҳибкории тиҷоратӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”;
• Исматуллоев Исматулло Убайдович – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Технологияи бизнес ва нақши он дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ”;
• Алимов Комилҷон Касирович – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Дар идомаи чорабинӣ профессор Раҷаб Раҷабов ва мудири кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд”, дотсент Иноятхон Каримова дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуда, ба кори бахшҳои конференсия муваффақият таманно намуд.