ҚАДРДОНИИ ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ДОНИШГОҲ

Бинанда: 35 | Санаи нашр: 21 Октябр 2025

Чанде пеш дар шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ Узоқов Нозимҷон Маҳмудҷонович ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ Муминшозода Санҷар Шуҷо иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гаштанд.

Рӯзи 21.10.2025 декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Ҷовидон Сафаров, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Самиаъло Асадуллозода, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раъно Ғаюрӣ ва омӯзгорону донишҷӯён бо варзишгарони муваффақ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин варзишгаронро бо ин дастовард табрику таҳният гуфта, доир ба одоби варзишгар зимни иштирок дар мусобиқаҳо, эҳтироми якдигарӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, истифодаи дурусти шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба варзиш суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ варзишгарон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top