Санаи 20.10.2025 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ мизи мудаввар дар мавзуи “ҚОНУН - ЗАБОНИ МУОШИРАТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА” баргузор гардид.
Мизи мудавварро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев оғоз намуда, иброз дошт, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии идораи давлат ва василаи муҳимтарини муошират дар ҷомеа мебошад. Он воситаи ҳамбастагӣ ва ҳамфаҳмӣ байни шаҳрвандон аст.
Дар кори мизи мудавввар омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ мавзуъҳои муҳим дар самти таърихи ташаккулёбии забони давлатӣ, мӯҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рӯйдодҳо ва мушкилоти амалишавии қонун ва забони муошират дар ҷомеа баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом иштироккунандагон бо маърӯзачиён саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.