Рӯзи 23.10.2025 бо ибтикори кафедраи молия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Суғуртаи тиббӣ: масъалаҳо ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки олимон, коршиносони соҳа, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.
Ҷаласаи пленарии конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бахши суғурта дар кишвар рушд карда, ба яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди ояндаи ин бахши иқтисодиёт барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Мавзӯи конфронси имрӯза ба яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат бахшида шуда, ҳадафи мубодилаи афкор, таҷриба ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти таҳкими низоми суғуртаи тиббӣ ва муайян намудани роҳҳои рушди устувори он дар кишвар мебошад.
Дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ ва рақамикунонии соҳаҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии суғуртаи тиббӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст. Маҳз дар ҳамин замина, баргузории чунин конфронсҳои илмӣ-амалӣ имкон медиҳад, ки муҳаққиқон, мутахассисон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ масоили мубрами амалии соҳаро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли муассири онҳоро пешниҳод намоянд.
Мавсуф зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар самти омодасозӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи суғурта саҳми назаррас дорад. Донишгоҳ бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами кишварҳои узви ИДМ кӯшиш намуда истодааст, ки раванди таълим ва таҳқиқоти илмиро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонад ва ба таҳкими низоми суғуртавии миллӣ саҳмгузор бошад.
Дар давраи фаъолияти худ, донишгоҳ як қатор дастовардҳои назаррасро ноил гардидааст., аз ҷумла:
- дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи ИДМ 12 чорабинии илмӣ-амалӣ, аз ҷумла 2 конференсияи байналмилалӣ, 4 семинар ва 6 мизи мудаввар баргузор намудааст;
- дар соли таҳсили 2024–2025 танҳо аз ҷониби ташкилоти заминавӣ беш аз 10 чорабинии байналмилалӣ ва омӯзишӣ амалӣ гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи суғурта мусоидат намуданд;
- маркази таълимӣ-методӣ барои омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи суғурта таъсис ёфта, бо дастгирии Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад;
- Шӯрои байналмилалии илмӣ-экспертӣ аз миёни олимон ва мутахассисони соҳаи суғуртаи кишварҳои ИДМ (аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Беларус, Узбекистон ва Қирғизистон) таъсис ёфт, ки барои таҳияи стандартҳои ягонаи таълим ва барномаҳои ҳамсон дар соҳаи суғурта дар сатҳи минтақавӣ фаъолият менамояд;
- барномаи таълимии бакалавриат дар соҳаи суғурта дар донишгоҳ амалӣ шуда, таҳқиқоти илмӣ дар самти таҳлили бозори суғуртавии кишварҳои ИДМ низ ба роҳ монда шудааст;
- донишҷӯён ва магистрантони ДДТТ дар доираи барномаҳои академии мубодила ба муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ сафар намуда, таҷриба меомӯзанд.
Дар доираи конфронси имрӯза масоили зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
- Омилҳое, ки ба рушди суғуртаи тиббӣ таъсир мерасонанд;
- Самтҳои афзалиятноки ташаккулёбии суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таҷрибаи давлатҳои ИДМ дар ташаккул ва рушди фаъолияти суғуртаи тиббӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Баъзе масъалаҳои андозбандии ташкилотҳои суғуртавӣ дар шароити рақамикунонӣ;
- Муаммоҳои рушди фаъолияти суғуртаи тиббӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ.
Дар хотимаи суханрониаш Ҷамшед Машокиров иброз дошт, ки маърӯзаҳо, баҳсу мунозираҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои илмии иштирокчиён барои дарёфти роҳҳои муассири рушди минбаъдаи низоми суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард гуфта, ба кори конференсия барору комёбӣ таманно намуд.
Баъдан дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимону коршиносони варзидаи зерини соҳа шунида шуданд:
- Сухани шодбошии намояндаи Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон Абдуллоева Марҳабо Музаффаровна;
- Ҳаитов Холдор Ашӯрович, сармутахассиси шуъбаи фурӯши ҶДММ Ташкилоти суғуртавии “Меҳнат” дар мавзӯи “Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ - асоси соҳибкории муваффақ”;
- Содиқов Раҳмон Ҳамроевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Суғурта ҳамчун усули муҳимтарини идоракунии хавфҳо”;
- Шоназарзода Нигора Шоназар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Суғуртаи тиббӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шароити рақамисозӣ дар Тоҷикистон”.
Дар идомаи чорабинӣ профессорон Раҷаб Раҷабов, Мунаввар Саидова ва Нозимҷон Нидоев дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуда, ба кори бахшҳои конференсия муваффақият таманно намуд.