КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 45 | Санаи нашр: 24 Октябр 2025

Рӯзи 24.10.2025 бо ибтикори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи пленарии Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рақамикунонӣ ва инноватсия: мушкилот ва дурнамои рушди он” бо иштироки олимони варзидаи ватанию хориҷӣ, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.

Ҷаласаи пленарии конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 зикр гардид, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки “ ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд”.

Боиси ифтихору саодатмандист, ки дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ аз иқдомҳои созанда, ташаббусу пайгириҳо, аз хираду тафаккур, меҳру садоқат, ояндабинии нек ва мактаби идоракунии Сарвари маҳбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

Мавсуф қайд намуд, ки конференсияи имрӯза ба масъалаҳои мубрами рақамикунонӣ ва рушди инноватсия бахшида шудааст ва итминони комил дорам, ки маърӯзаҳо, баҳсу мунозираҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои илмии иштирокчиён барои дарёфти роҳҳои муассири рушду тавсеаи минбаъдаи рақамикунонӣ ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард гуфта, ба кори конференсия барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим дотсент Абдукарим Қурбонов сухани шодбошӣ гуфта, қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иқтисодиёти инноватсионӣ, иқтисодиёти рақамӣ, иқтисодиёти иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, тиҷорати маҷозиву фосилавӣ ва фановариҳои рақамӣ нақшу касбияти мутахассисон дучанд хоҳад гардид.

Абдукарим Қурбонов бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омодакунии мутахассисони баландихтисоси самти рақамикунонӣ ва инноватсия саҳми назаррас дорад. Соли таҳсили ҷорӣ дар донишгоҳ кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт таъсис дода шуд, ки дар он аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти рақамӣ, информатикаи иқтисодӣ, иқтисодиёти бизнеси электронӣ, технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ омода карда мешаванд.

Баъдан, дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимони варзидаи ватанию хориҷии зерин шунида шуданд:

• Машанова Самал Амангельдиевна, к.э.н., ассоциированный профессор, первый проректор, проректор по учебно-методической работе Западно-Казахстанского инновационно - технологического университета на тему “Опыт Казахстана по цифровизации и инновации”;

• Наботзода Сиёвуш Холмурод, доктор PhD, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамои рушд”;

• Раҷабов Раҷаб Кӯчакович, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Мушкилот ва хусусиятҳои рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шароити рақамикунонӣ”;

• Нурдинов Баҳриддин Хизралиевич, н.и.и., муовини директор оид ба илм ва таълими Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзуи “Мушкилоти рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ”;

• Зайналов Джахонгир Расулович, д.э.н., профессор, заведующий кафедрой “Финансы” Самаркандского института экономики и сервиса на тему “Финансовый менеджмент в условиях цифровой экономики”;

• Алиева Сусанна Сейрановна, к.э.н., доцент кафедры “Финансы” Самаркандского института экономики и сервиса на тему “Оздоровление финансового состояния предприятия”.

 Дар идомаи чорабинӣ Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусния Исҳоқӣ, профессорон Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Нидоев Нозимҷон Фозилович ва дотсент Норқӯзиева Биҷамила Норқӯзиевна дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ маърӯзачиён аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуда, ба кори бахшҳои конференсия муваффақият таманно намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top