Рӯзи 25.10.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутахассисони Раёсати танзими гардиши хуҷҷати электронӣ ва имзои электронии Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” баргузор намуданд.
Дар раванди семинар мутахассисони Агентӣ ба иштирокчиён оид ба амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи гардиши хуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ, фароҳамоварии шароити мусоид барои рушди он, роҳандозии низоми мазкур дар муносибатҳои давлатӣ бо аҳолӣ, бахши хусусӣ, зарурати ҷорӣ намудани инфрасохтори “Низоми ягона” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 