Аз 20-ум то 24-уми октябри соли 2025 бо ибтикори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои хабарнигорони рӯзномаҳову маҷаллаҳо дар мавзуи “Таҳия ва пешниҳоди хабару гузоришҳо дар матбуоти даврӣ” машғулияти омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Машғулиятҳоро олими варзида ва журналисти шинохта, профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқимов Муҳамадӣ Аминович (Ҷовид Муқим) дар сатҳи олӣ гузаронида, журналистонро ба усулҳои навини журналистика, таҷрибаи ҷаҳонии соҳа ва робитаи воситаҳои ахбори омма шинос намуд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо журналистон ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ роҳу усулҳои ҷамъоварии иттилоот, мусоҳибагирӣ, сарчашмаҳои иттилоот, интишори хабару гузоришҳо дар матбуотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, маҳорати касбиашонро баланд бардоштанд.
Дар хотимаи машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ва омӯзгор (тренер) Ҷовид Муқим ба иштирокчиён, аз ҷумла сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷир”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифов дар вазъияти тантанавӣ сертификатҳо супорида шуданд.




 
 
 Тоҷикӣ
						Тоҷикӣ																													
		 Русский
							Русский											 English (UK)
							English (UK)											
