Санаи 28.10.2025 тибқи ҷадвали гузаронидани дарсҳои кушод дар синфхонаи "Иқтисоди сабз"-и донишгоҳ мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Рустамзода Фитрат Музафар дарси кушод бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои техникии муосир барои донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 230101 – муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи "Имкониятҳои амалисозии иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир" гузаронид.
Мақсади дарси мазкур шинос намудани донишҷӯён бо Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни дарс Рустамзода Фитрат Музафар донишҷӯёнро бо мафҳум ва моҳияти иқтисоди "сабз", принсипҳои он ва амалисозии иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, иброз дошт, ки Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат таҳия гардидааст.
Рушди иқтисоди "сабз" дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад.
Стратегия ба тадбирҳои гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди "сабз" нигаронида шудааст.
Дар фарҷоми дарс омӯзгор қайд намуд, ки амалӣ намудани Стратегия ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва расидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни дарси кушод мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дотсент Мардонқул Раҳмонқулов иштирок намуд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 