МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “МУАММОҲОИ РУШДИ МАРКЕТИНГИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Бинанда: 21 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2025

4 - уми октябри соли 2025 дар доираи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои таълимии кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Муаммоҳои рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ҳадафи асосии мизи мудаввар мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон доир ба маркетинги рақамӣ мебошад.

Дар мизи мудаввар декани факултети молия ва қарз Кабутзода Қ.М., муовини декан оид ба илм Тураева М., мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Ҳамитов М.С., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Неъмонов Ҷ.М., мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҳалимов Л., доктори илмҳои иқтисодӣ Мирзоалиев А.А., дотсентон Урунова С.А., Ҳакимов А.А., Абдуллоев З.А., омӯзгорон Ҳикматова М.С., Асоева М.С., Ҷаъфархони Ш. ва донишҷӯёни курсҳои дуюм ва чоруми ихтисоси 260203 - маркетинг иштирок намуданд.

Мизи мудавварро мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳакимзода А. оғоз намуда, оид ба мавзуи матраҳшуда маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.  

Дар қисмати музокирот муовини декан оид ба илми факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Тураева М. ва номзади илмҳои иқтисодӣ Урунова С.А. баромад намуда, андешаҳои ҷолибро доир ба муаммоҳои рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top