МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 07 Ноябр 2025

Санаи 5 - уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Таҳкими ҳуқуқҳои шахсӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 Дар мизи мудаввар сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфуло Авғонов, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Ҷовидон Сафаров ва омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

 Мизи мудавварро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар тули 31 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳуқуқии давлат ба кулли тағйир ёфта, қонунҳо бодарназардошти эътирофи ҳуқуқҳои фитрӣ, адолат, озодӣ ва баробарӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми конститутсияҳои ҷаҳон яке аз конститутсияе мебошад, ки бештари меъёрҳояш ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

 Сипас, баромадкунандагон дар мавзуъҳои “Таърихи ташаккули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кафолати ҳуқуқҳои шахсӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши Конститутсия дар эътирофи ҳуқуқҳои фитрии инсон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

 Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокунандагон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top