БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТИИ “МАРКЕТОЛОГ”

Бинанда: 114 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2025

Дар доираи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои илмии кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати донишгоҳ 10 – уми ноябри соли 2025 маҳфили илмӣ - таҳқиқотии “Маркетолог” таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Сарвиноз Урунова баргузор гардид.  

Дар кори маҳфили илмӣ декани факултети молия ва қарз Кабутзода Қ.М., муовини декан оид ба илми факултет Тураева М., мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Ҳамитов М.С., омӯзгорони кафедра Ҳакимов А.А., Ҳикматова М.С. ва донишҷӯёни курсҳои дуюм ва чоруми ихтисоси 260203-маркетинг ширкат намуданд.

Маҳфилро мудири кафедра Ҳакимзода А. оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад ва вазифаҳои маҳфили илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷалб намудани таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба таҳқиқотҳои илмӣ ва татбиқи марктеинг дар ҳалли масъалаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт мебошад. Бо ин восита донишҷӯён барои иҷрои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, навиштани мақолаҳои илмӣ, ширкат дар конференсия ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тайёр карда мешаванд.

Сипас, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260203-маркетинг Зокир Шамсуллозода дар мавзуи “Мушкилоти рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи пурмазмун намуд.

Дар қисмати музокирот муовини декан оид ба илми факултет Тураева М. ва роҳбари маҳфил Урунова С.А. баромад намуда, қайд намуданд, ки маҳфили илмии “Маркетолог” донишҷӯёнро ба фикрронии илмӣ ва мантиқӣ водор намуда, онҳоро ба ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодӣ тайёр менамояд.

Дар ҷараёни маҳфил саволу ҷавобҳо ва андешаҳои ҷолиб доир ба мушкилоти рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top