Бо ибтикори кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар таърихи 10-уми ноябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои озод таҳти унвони «Пешвои миллат - меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» гузаронида шуд, ки дар он 50 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин намуна барои ҳар соҳибватан дар ҳамаи арсаи зиндагӣ мебошад. Ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, меҳрубонӣ ба ҳамватонон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонад барои такомули фард ҳамчун шаҳрванд ва инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд нақши бузург гузоранд.
Ҳангоми навиштани иншои озод донишҷȳён қобилияту ҳунари эҷодкорӣ, донишҳои андȳхта, китобати дурусти аломатҳои грамматикию вожаю ибораҳо ва сатҳу савияи забондонии худро озмудаанд.
Иштироккунандагони озмун бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иншо навиштанд ва аз ҷониби ҳайати комиссияи озмунӣ ғолибони иншоҳои беҳтарин муайян карда шуданд.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 