МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2025

Санаи 12-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Гулнора Ҳисориева, декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Тимур Ғайратов, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Раҷабзода Олимхон, мудири китобхонаи илмии донишгоҳ Абдуалим Ҳомидов, омӯзгорони кафедраи мазкур Фирӯз Исмоилзода, Шараф Бобоев, Ёқубҷон Мирзоалиев ва донишҷӯён иштирок намуданд

Чорабиниро дотсенти кафедаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Фирӯз Исмоилзода оғоз намуда, иштироккунандагонро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент ин арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста ва бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Гулнора Ҳисориева оид ба хизматҳои бесобиқа ва дастовардҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Раёсати донишгоҳ бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар рафти чорабинӣ мудири китобхонаи илмии донишгоҳ Абдуалим Ҳомидов дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ” ва декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Тимур Ғайратов дар мавзӯи “Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Инчунин, донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 25010801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо дар васфи Президент бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар як зумра донишҷӯёни фаъолу аълохон бо Сипосномаҳои раёсати факултети иқтисодиёт ва тиҷорат қадрдонӣ карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top