КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ТОҶИРИ АҶАМ” ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲО

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2025

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи “Суруш”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, ки дар доираи он ҷамъбасти озмуни ноҳиявии “Беҳтарин кумитаи ҳизбӣ” сурат гирифт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худро дар тамоми кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ татбиқ намуда, миёни мардум мавқеъ ва нуфузи баландро касб намояд.

Бо мақсади муайян намудани беҳтаринҳо ва ҳавасманд гардонидани кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ озмунҳои “Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии фаъол” “Вакили ташаббускор” ва “Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ” баргузор гардид, ки дар он тамоми кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Боиси хушнудист, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки роҳбарии онро ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар ба зимма дорад, аз рӯи номинатсияи “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол” сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Диплом ва Ҷом қадрдонӣ гардиданд.

Ин дастоварди муҳим заҳмату талошҳои пайвастаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба шумор рафта, иҷрои бандҳои муҳимми Оинномаву Барномаҳои ҳизбӣ ва садоқати беандоза ба Роҳбари ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top