Санаи 12-уми ноябри соли 2025 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он ҳайати раёсат, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 