БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “КАДБОНУ”

Бинанда: 21 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2025

Санаи 13-уми ноябри соли 2025 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили навбатии "Кадбону" гузаронида шуд. Дар маҳфил роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо занону донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбивӣ, роҳбарони шурои занону духтарони факултетҳои донишгоҳ ва мутасаддиёни хобгоҳ ба духтарон тарзи омода намудани хуроки миллӣ “Оши угро”-ро омӯзониданд.

Бояд зикр кард, оши угро таомест, ки онро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон омода менамоянд.

Зуволаи оши угроро донишҷӯдухтарон аз орд, намак ва сафедии тухм омода намуданд, 15-20 онро дақиқа онро дам доданд. Дар ин муддат Оиша ва Марям дар дег равғанро ба миқдори муайян рехта, дар он гӯшти қиммашуда, пиёз, помидор, сабзӣ, ва картошкаро дар дег зербониданд. Нахӯдро бо намак омехта карда, ба деги ҷӯшидаистода илова карданд. Духтарон зуволаи хамирро болои тахтаи махсус бо тирак тунук намуда, барои ба тахта ва тирак начаспидан ба зувола кам-кам орд пошидан гирифтанд. Онро то даме тунук намуданд, ки тунукиаш 2-3 мм шуд. Зувола ҳар қадар, ки тунуку борик гардад, сифати оши бурида ҳамон қадар хубу зебо мешавад. Баъди буридан тамоми пораҳои буридашударо бо орд қабза карда, борик кардан карданд.

Дар оташи баланд хамири буридашударо ба дег андохта, Оиша ҳангоми ҷӯшидан бо кафлези чӯбин онро нарм-нарм кофта, хамирҳоро аз ҳам ҷудо кардан гирифт. Оши угро дар ҳарорати баланди ҷӯшидани об дар зарфи 5-10 дақиқа омода карда шуд.

Сипас, духтарон хӯроки омодашударо дар косаҳо бардошта, ба болояш кабудӣ ва чаккаро мувофиқи табъашон ҳамроҳ намуда, бо хушҳолӣ ба бошандагони хобгоҳ - донишҷӯён тақсим намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top