СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ - МЕТОДӢ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2025

        Рӯзи 12-уми ноябри соли 2025 дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ семинари таълимӣ-методӣ дар мавзуи Саҳми хизматрасониҳои гумрукӣ дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар” бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.

Дар семинар н.и.и., дотсент Парвиз Нидоев, н.и.и. Маҳмадҷон Алиев ва муаллими калон Нурия Назарбекова иштирок намуданд.

Семинарро профессори кафедра Раҷаб Раҷабов оғоз намуда, баён намуданд, ки хизматрасониҳои гумрукӣ маҷмӯи амалҳо ва чорабиниҳое мебошанд, ки мақомоти гумрукӣ барои назорат, барасмиятдарорӣ ва танзими воридот ва содироти молҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат анҷом медиҳанд. Онҳо на танҳо назорати молу воситаҳои нақлиётро дар бар мегиранд, балки хизматрасониҳои пулакию иттилоотиро низ фаро мегиранд.

Дар раванди пешбурди фаъолияти гумрукӣ ҳалли масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳи гумрукӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Ин раванд пеш аз ҳама ҳангоми афзоиш намудани ҳаҷми амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ ва шумораи субъектҳои фаъолияти иқтисоди байналмилалӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ зиёд шуда, аз мақомоти гумрукӣ беҳдошти фаъолиятро тақозо менамояд.

Дар ин радиф яке аз масъалаҳои муҳими рушди инноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти рақамӣ, бешубҳа, вусъат ва рушди фаъолияти иқтисодии байналмилалӣ мебошад. Ба ақидаи мо, зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои маъмурии танзимкунандаи давлатӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад. Рушди иқтисодиёти кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ бо сиёсати оқилонаи Асосгузори cулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  бомуваффақона амалӣ гардида истодааст.

Сипас, омӯзгор Парвиз Нидоев суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ, зерсохторӣ, ташкилӣ, кадрӣ ва омӯзиши онҳо бо технологияи рақамӣ имконият медиҳад, ки хизматрасонии гумрукӣ дар шароити муосири ташаккули иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат беҳтар гардида, рушди устувори инноватсионии иқтисодиёт дар кишвар таъмин карда шуда, ҳамгироии байналмилалӣ дар сатҳи нав нисбатан хубтар ба роҳ монда шавад.

Семинарро профессори кафедра Раҷаб Раҷабов ҷамъбаст намуда, доир ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои ҷолиб баён намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top