ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 18 Ноябр 2025

19-уми ноябри соли 2025 дар кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Парчам – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар дарси кушод ҷонишини декан оид ба тарбия Фарҳод Шаропов, мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Дарси кушодро омӯзгори кафедра Миҷгона Ашурова оғоз намуда, қайд кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

Сипас, донишҷӯён Ориф Маҳмадқулов, Абдуҳалим Ёқубов, Комрон Раҳимов, Муҳаммад Зарипов ва Шӯҳрат Қобилзода доир ба таърихи қабули парчам, аҳаммият ва рисолати парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ маърӯзаҳои пурмазмун карданд. Инчунин, донишҷӯён дар васфи парчами давлатӣ, ватан ва ватандӯстӣ шеърҳо қироат карданд.

Дар қисмати музокирот мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ ва омӯзгор Фарҳод Шаропов доир ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар хотима як зумра донишҷӯёни аълохон ва фаъол, ки дар чорабиниҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд, бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top