КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 21 Ноябр 2025

20-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқ ва иқтисод дар шароити муосир” баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботзода Сиёвуш Холмурод, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ш. Душанбе Қодирзода Далер Сайфулло, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини роҳбари департаменти илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи инноватсионию технологии Қазоқистони Ғарбӣ Уразова Бакыт Адилгереевна, н.и.ҳ, дотсенти кафедраи хуқуқи маданӣ ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии иктисодиёт ва идораи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Горячева Елена Васильевна иштирок намуданд.

Кори конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилаллӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза як имконияти беназир барои ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни олимону муҳаққиқон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии ватанӣ ва хориҷи кишвар мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти дар соҳаи иқтисодиёт ва ҳуқуқ чунин чорабиниҳо нақши муҳим доранд, зеро онҳо заминаи рушди илм, таҳкими ҳамкорӣ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби замони муосирро фароҳам меоранд.

Сипас, олимону муҳаққиқони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои зерин суханронӣ намуданд:

  1. Уразова Бакыт Адилгереевна, муовини роҳбари Департаменти илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи инноватсионию технологии Қазоқистони Ғарбӣ (шаҳри Урал, Ҷумҳурии Қазоқистон) бо сухани шодбошӣ суханронӣ намуд;
  2. Горячева Елена Васильевна, н.и.ҳ, дотсенти кафедраи хуқуқи маданӣ ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии иктисодиёт ва идораи Новосибирск (шаҳри Новосибирск, Федератсияи Россия) дар мавзӯи «Актуальные вызовы и современные инструменты защиты прав потребителей финансовых услуг в России»;
  3. Раззоқов Баҳодур Ҳаётович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ дар мавзӯи “Ҷавобгарии маъмурии субъектҳои соҳибкорӣ: Проблемаҳои амалияи ҳуқуқтатбиқ”;
  4. Наботзода Сиёвуш Холмурод, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавзӯи “Товони зарари маънавӣ тибқи қонунгузории маданӣ ва мушкилоти татбиқи он дар ҷомеаи муосир”;
  5. Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди институти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  6. Саъдизода Ҷаҳонгир, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир – нахустин санад оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон”;
  7. Қодирзода Далер Сайфулло, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Масоили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ”;
  8. Нидоев Парвиз Фозилович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва нақши он дар таҳкими рақамикунонии хизматрасониҳои гумрукӣ”;
  9. Алиев Фаррух Шарифович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ дар мавзӯи “Тарбияи ҳуқуқӣ - асоси рушди давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар қисмати музокираҳо олимону донишмандон оид ба мавзӯъҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд ва ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои илман асоснок доданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top