20-уми ноябри соли.2025 дарси кушоди намунавии омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Назруллозода Майсара Назрулло дар мавзӯи “Ҷаҳонишавии бозори меҳнат: мувозинат, мушкилот ва ояндабинии он” барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 23010103-ташкили робитаҳои байналмилалӣ бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои техникии муосир баргузор гардид.
Дар дарси кушод мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Рустамзода Фитрат Музафар, муовини декан оид ба тарбия Фарҳод Шаропов, н.и.г, дотсент Амонатзода Маҳбуба Ато, ассистентони кафедра Ҳусниягул Раҳмоналиева, Саодат Абдуразоқова ва Идимоҳ Қурбонова ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни дарс Майсара Назруллозода донишҷӯёнро бо мафҳум ва моҳияти ҷаҳонишавии бозори меҳнат шинос намуда, иброз дошт, ки ҷаҳонишавии бозори меҳнат равандест, ки дар натиҷаи он бозорҳои меҳнати кишварҳо ба ҳам наздик ва муттаҳид шуда, ҳаракати қувваи корӣ, технология, таҷриба ва ҷойҳои кор дар миқёси байналмилалӣ осон ва озод мегардад.
Қайд карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ коргарон метавонанд ба кишварҳои дигар барои кор раванд; ширкатҳо метавонанд кормандонро аз давлатҳои гуногун ҷалб кунанд; ҷойҳои кор вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ пайдо ё нобуд мешаванд; рақобат байни коргарон дар сатҳи байналмилалӣ пуршиддат мегардад.
Дар фарҷоми дарс донишҷӯён саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 