ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 36 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2025

24-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ баргузор гардид, ки дар он раёсати донишгоҳ, ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами давлатӣ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номус мебошад.

Хайрулло Холназар иброз дошт, ки парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардумонанд.

Гуфта шуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофару тамаддунсоз бо талошу фидокориҳои пайвастаи фарзандони баору номусаш аз дуриҳои таърих дорои парчам ва рамзи ягонаи давлатдорӣ буданд. Доир ба парчаму парчамдории миллати тамаддунофари тоҷик, ки аз аҳди бостон сарчашма мегирад, дар куҳантарин осори хаттиамон маълумоти бештарро пайдо кардан мумкин аст. Олимону донишмандон ва таърихнигорони давр бар он назаранд, ки парчам ҳамчун рамзи ватандориву оини давлатдорӣ маҳсули андеша ва офаридаи гузаштагони ҷасуру далер ва фидоиҳои роҳи зафар маҳсуб меё

Аз ҷумла, дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию накукорӣ ва мардонагӣ ба шумор меравад, нақши парчам дар роҳи муборизаҳои озодихоҳӣ, ҳифзи марзу бум ва эҳтиром гузоштан бар он равшан тасвир ёфта, дирафши аз пешдомани худ сохтаи Коваи оҳангар бар зидди бедодгариҳои Заҳҳоки хунхор чун рамзи тантанаи адолат бар зулму ситам хеле машҳур гардида, то замони мо чун Дирафши ковиёнӣ маъруфияти худро ҳифз намуда омадааст.

Бояд гуфт, ки рамзи Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28-уми июли соли 2006, № 192 мавриди истифода қарор дорад.

Маврид ба зикри хос аст, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯза ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию осоиштагии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, дотсент Ҷаъфар Неъмонов ва омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова оид ба таърихи парчам, мақом, рисолат ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар бори дигар тамоми аҳли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва дар кори пурзаҳмату пурифтихорашон барору комёбӣ орзу намуд.

 


Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top