24-уми ноябри соли 2025 дар доираи силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети молия ва қарзи ДДТТ бо ташаббуси омӯзгори кафедраи андоз ва андозбандӣ Махсумзода Нигина Давлат барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 25010403 – андоз ва андозбандӣ дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон, парчамат тоҷи сар аст!” баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Ҳамзамон, доир ба мавзуи Парчами давлатӣ муаррифинома низ манзур гардид.
Дарси кушод бо садо додани суруд дар мавзуи Парчами давлатӣ ва қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи парчам аз ҷониби донишҷӯён ҳусни анҷом пазируфт.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 