4-уми декабри соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар хобгоҳи донишҷӯён маҳфили доимамалкунандаи “Кадбону” бо иштироки донишҷӯдухтарон баргузор гардид.
Дар маҳфил Ҷамила Ғафурова – роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ ва Басира Баҳоӣ - роҳбари бахши бонувони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук ба донишҷӯдухтарон тарзи омода намудани хӯроки миллӣ – оши палавро омӯзониданд.
Донишҷӯдухтарони маскуни хобгоҳ Марямбону ва Мавзуна хӯроки миллӣ - оши палав ва Оишабону хӯришҳои мавсимиро омода намуданд.







Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 