МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 25 | Санаи нашр: 07 Декабр 2025

06-уми декабри соли 2025 бо ибтикори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи касбии кормандони мақомоти молия мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.

 Дар кори мизи мудаввар, н.и.и., дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Раҳмон Ҳамроевич., н.и.и., дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Нуров Шаъбон Сафарович ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

  Чорабиниро мудири кафедраи молия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Баҳодур Дӯстматов оғоз намуда, доир ба нақши мақомоти молия ва сохторҳои маҳаллии он, сиёсати андозу буҷет дар рушди иқтисодиёти кишвар ибрози андеша кард.

 Сипас, Раҳмон Содиқов дар мавзӯи “Имкониятҳои рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” ва Шаъбон Нуров дар мавзӯи “Истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ: муаммо ва роҳҳои ҳалли он” маърӯза намуданд.

 Инчунин, омӯзгорон Сайдаҳмад Зубайдов, Баходур Дӯстматов ва Шавкат Ҷумъазода доир ба мавзӯи матраҳшуда суханронӣ намуданд.

 Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Кабутзода Қурбоналӣ фикру андешаҳои худро доир ба мавзӯи зикршуда баён карда, ба нотиқон барои суханронии пурмазмун арзи сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top