ДАРСИ НАМУНАВӢ

Бинанда: 24 | Санаи нашр: 08 Декабр 2025

8-уми декабри соли 2025 дар кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дарси намунавии н.и.и., дотсенти кафедра Исматуллоев Исматулло Убайдович аз фанни асосҳои соҳибкорӣ дар мавзӯи “Сирри тиҷоратӣ ва роҳҳои ҳимояи он дар фаъолияти соҳибкорӣ” барои донишҷӯёни ихтисоси 260202 - менеҷмент доир гардид.

Дар дарси намунавӣ мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, н.и.и., дотсент Алимов К.К., мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат, н.и.и., дотсент Абдураҳмон Ҳакимзода, доктори илми иқтисод, профессор Мирзоалиев А.А., н.и.и., дотсент Мухторзода С.С. ва омӯзгорони ҷавон Раҳимова Р.Ҳ., Фозилова З.Р., Ясакиева С. иштирок намуданд.

Зимни дарс омӯзгор Исматулло Исматуллоев оид ба моҳияти иттилооти соҳибкорӣ ва сирри тиҷоратӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Маврид ба зикр аст, ки дар раванди дарс усулҳои муосири таълим, аз ҷумла воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рӯнамо ва мисолҳои мушаххас аз фаъолияти соҳибкории ватанӣ истифода бурда шуд. 

Дар фарҷоми дарси намунавӣ ба донишҷӯён маводи тақсимшаванда, аз ҷумла, лексия, рӯнамо ва саволнома барои дарсҳои амалӣ ва корҳои мустақилона пешниҳод карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top