МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ "БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ - АСОСИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: СИТЕЗАҲОИ ФАРОМИЛЛӢ ВА МАҲАЛЛӢ"

Бинанда: 26 | Санаи нашр: 11 Декабр 2025

(бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон)             

                                                                

10-уми декабри соли 2025 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон Мизи мудаввар дар мавзуи "Баробарии гендерӣ - асоси ҳуқуқи инсон: ситезаҳои фаромиллӣ ва маҳаллӣ" баргузор гардид.

Чорабинӣ бо дастгирии Дафтари лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе доир гардида, ҳадафи он - муҳокимаи масъалаҳои муосири баробарии гендерӣ дар заминаи ҳуқуқи инсон, муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо барои ҳалли онҳо дар сатҳҳои фаромилӣ ва миллӣ изҳор шуд.

Дар кори Мизи мудаввар олимону омӯзгорон аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, унвонҷуёну магистрантҳо ва донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносии ДДТТ иштирок карданд. Инчунин, намояндаҳо аз Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҳматова Ш.), Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муминзода Ҳ.), Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии мамлакат, ташкилотҳои ҷамъиятии “Корвони умед” ва “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” ҳузур доштанд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДДТТ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров оғоз ёфта, баромади шодбошии мушовири миллӣ оид ба масоили гендерӣ ва демократикунонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Регина Соколова ба он ҳидоят бахшид.

Сипас, дар доираи барномаи чорабинӣ маърӯзаҳои зерини дорои мазмуни баланди илмию амалӣ шунида ва баррасӣ карда шуданд:

- Бобоҷонзода И.Ҳ. – д.и.ҳ., мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Проблемаҳои танзими ҳуқуқии баробарии зану мард дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

          - Раззоқов Б.Ҳ. – д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Табиати ҳуқуқӣ-маъмурии амрномаи муҳофизатӣ ҳамчун унсури муқовимат ба зӯровари дар оила”;

          - Ҷабборов Ф.Н. – н.и.ҳ., ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Стандартҳои байналмилалии баробарии гендерӣ”;

- Сафарзода Вафо – корманди миллии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар мавзуи “Пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути лоиҳаҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе”;

- Ғаффорова Ш.А. – муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба тарбия, н.и.ҳ. дар мавзуи “Нобаробарии гендерӣ ҳамчун заминаи зӯроварӣ дар оила”;

- Мирзоева Қ.А. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар мавзуи “Таъмини баробарии гендерӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ”;

- Матробов М.Х. – ходими калони илмии раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Қонунгузории миллӣ оид ба баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва монеаҳои татбиқ”;

          - Забирзода Н. – магистранти ихтисоси “Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар инкишофи маърифатнокии гендерӣ”.

          Баъди анҷоми маърӯзаҳо байни иштирокчиёни Мизи мудаввар мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи баромадҳо шурӯъ шуд. Дар бахши музокирот директори маркази таълимии Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Оқилов Ф., н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикорррупсионии ДДТТ Алиев Ф., намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед” Турсунова М., раиси Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковники мустаъфӣ Ятимзода Ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикорупсионии ДДТТ Рустамзода Ф. баромад карда, мавзуи чорабинӣ ва маърузаҳоро дар партави Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон мубраму муосир арзёбӣ намуданд ва нисбати такмили минбаъдаи қонунгузории миллӣ, амалияи ҳуқуқтабиқ, тавсеаи чорабиниҳои маърифатӣ ҷиҳати инкишофи маърифатнокии гендерӣ байни аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти ҳокимият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар ин самт андешаронӣ карданд.

          Иштирокчиёни Мизи мудаввар фаъолияти самарабахши ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед”-ро, ки кӯмакҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ, мурофиавӣ ва омӯзишии ройгонро барои бонувон бар роҳ монда, дорои намояндагиҳо дар маҳал, паногоҳ барои занони хушунатдида ва объекти савдои иҷтимоӣ мебошад, шоистаи таҳсин ва ибратомӯз эътироф карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ модератори Мизи мудаввар – раиси раёсати Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ Раззоқов Б.Ҳ. ба ҳамаи иштирокчиён барои ташриф ва иштироки фаъолона дар кори он, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳои таваҷҷуҳовар изҳори миннатдорӣ намуд.        

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top