ҶАМЪБАСТИ МАЪРАКАИ ИТТИЛООТИИ “16 РӮЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРӢ”

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 12 Декабр 2025

10-уми декабри соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо мақсади иҷрои банди 8-и «Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2025-2027 оид ба амалисозии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» Конференсияи илмӣ-назариявӣ ва ҷамъбасти маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ” таҳти унвони “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ” миёни бонувони фаъоли пойтахт баргузор гардид.

Ҳадафи конференсияро масоили пешгирии зӯроварӣ ва кирдорҳои ношоиста дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, мавқеи занон дар хонавода ва ҷомеа, муносибати эҳтиромона, рафоқати инсонӣ, таҳкими муносибатҳои оилаву оиладорӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти ташкил медод.

Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд. Хурсандибахш аст, ки донишгоҳ барои татбиқи босамари “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030” бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top