БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ ФАКУЛТЕТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ ВА ИННОВАТСИОНӢ

Бинанда: 24 | Санаи нашр: 14 Декабр 2025

12-уми декабри соли 2025 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи декани факултет, н.и.ҳ., и.в. дотсент Тимуршо Ғайратов оид ба фаъолияти илмӣ- таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тақвият додани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҷоннок намудани фаъолияти маҳфил ва ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун, баргузор намудани семинарҳою конференсияҳои сатҳи донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омили муҳими баланд бардоштани сифати мутахассисони оянда мебошад.

Таъкид карда шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ зарур аст, ки ҳамкории кафедраҳо бо марказҳои илмӣ тақвият дода шавад, раванди тайёр кардани нашрияҳои илмӣ рушд ёбад, донишҷӯён бештар ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гарданд ва сифати баргузории семинару конференсияҳо дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шавад.

Қайд гардид, ки факултет дорои иқтидори баланди илмию педагогӣ мебошад ва дар соли 2026 метавонад ба муваффақиятҳои боз ҳам бештар ноил гардад.

Сипас, Тимуршо Ғайратов дар бораи фаъолияти илмӣ- таҳқиқотӣ ва инноватсионии факултет дар соли сипаришаванда ва вазифаҳо барои соли 2026 ба таври муфассал ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар ҳисобот зикр гардид, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҳайати профессорону омӯзгорони факултет ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси илмию педагогӣ, афзун намудани дастовардҳои илмӣ, ба чоп расонидани мақолаю монографияҳои илмӣ, ҷоннок намудани фаъолияти маҳфил ва ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, баргузории семинарҳою конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.

Ҳамчунин декани факултет Тимуршо Ғайратов вазифа ва тадбирҳои муҳимро барои соли 2026 ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ муайян намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top