БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ

Бинанда: 49 | Санаи нашр: 15 Декабр 2025

15-уми декабри соли 2025 дар доираи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои таълимии кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати донишгоҳ семинари таълимӣ дар мавзуи “Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар семинар декани факултети молия ва қарз Қурбоналӣ Кабутзода, муовини декан оид ба таълим Нигора Шоназарзода, мудири кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдурашид Мирзоалиев дотсентон Абдумалик Ҳакимов, Сарвиноз Урунова, Зафар Абдуллоев ва донишҷӯёни ихтисосҳои менеҷменту маркетинг иштирок намуданд.

Семинарро мудири кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024 қайд намуданд ки: “Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад”.

Сипас, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдурашид Мирзоалиев ва номзади илмҳои иқтисодӣ Зафар Абдуллоев доир ба мавзуи матраҳшуда маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, минтақаҳои кӯҳӣ, обҳои шифобахш ва табиати нотакрори кишвар шароити мусоидро фароҳам овардааст.

Зимни музокирот декани факултет Қурбоналӣ Кабутзода ва дотсенти кафедра Сарвиноз Урунова андешаҳо ва тавсияҳои ҷолибро оид ба мавзуъ баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top