15-уми декабри соли 2025 бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якум – даври донишгоҳии олимпиада аз фанни “Географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демографии он” баргузор гардид.
Дар олимпиада донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, раванди баргузории он тибқи талаботи низомномаи амалкунандаи олимпиадаи фаннӣ ба таври шаффоф, объективӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ амалӣ карда шуд.
Дар ҷараёни озмун ба дониш, маҳорату малака ва сатҳи омодагии иштирокчиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ғолибон муайян карда шуданд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 