МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ "КОНВЕНСИЯ ДАР БОРАИ БАРҲАМ ДОДАНИ ТАМОМИ ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН"

Бинанда: 53 | Санаи нашр: 20 Декабр 2025

19-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032 мизи мудаввар таҳти унвони "Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон" бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

 Дар мизи мудаввар роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Қутфинисо Мирзоева, омӯзгорон Довуд Бобохониён, Ҷамила Шарифова ва донишҷӯи курси 4-уми факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук Раҳимов Худодод иштирок намуданд.

Дар доираи барномаи чорабинӣ маърӯзаҳои дорои мазмуни баланди илмию амалии Қутфинисо Мирзоева, Бобохониён Довуд ва Раҳимов Худодод шунида ва баррасӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, мавзуи чорабинӣ мубраму муосир арзёбӣ карда шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top