19–уми декабри соли 2025 дар толори Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҷамъбастии Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори Маҷлис Каримзода Рухшона – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Қодирзода Дилшода Қодир - раиси Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Камолова Маҳбуба Расуловна - номзади илмҳои сиёсӣ, аъзои КИМ ҲХДТ, сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета”, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзои Комиссия, кормандони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва бонувони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.



Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 