20-уми декабри соли 2025 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Россия” олимпиада аз фанни забони русӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии дуҷониба буда, бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, инчунин ҳавасманд намудани донишҷӯён барои такмили донишҳояшон мебошад. Олимпиада бо дастгирии омӯзгорон, мутахассисони соҳаи забони русӣ ва ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Россия” баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин олимпиада донишҷӯи курси 1-уми факултети молия, ихтисоси 250104 - молия ва қарз Моздиан Кашани Самир Муҳаммад ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм ва Диплом гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Моздиан Кашани Самир Муҳаммадро барои сазовор гаштан ба ҷойи сеюм табрику таҳният намуда, ба ӯ дар таҳсили минбаъдааш муваффақиятҳои беназирро таманно менамоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 