ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.КОА-012 НАЗДИ ДДТТ ДАР СОЛИ 2025

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 24 Декабр 2025

23-юми декабри соли 2025 Маҷлиси ҷамъбастии Шурои диссертатсионии 6D.KOA-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласа муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Муъмин Шарифзода, сармутахассис Мадина Каримиён, аъзои Шурои диссертатсионӣ ва доираи васеи омӯзгорону унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзиданд.

         Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шунида ва баррасӣ карда шуд.

         Дар ҳисобот қайд гардид, ки соли 2025 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муназзам ва босамар ба роҳ монд.

         Шурои диссертатсионӣ бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ аз 1 январи соли 2022, №12/шд таъсис ёфта, аз 16 нафар олимони соҳибтаҷриба иборат буда, муҳлати фаъолияти он 5 сол муқаррар шудааст.

         Дар давраи ҳисоботӣ дар Шуро 5 маҷлис баргузор гардида, 5 диссертатсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз шумораи рисолаҳои ҳимояшуда 3 диссертатсия аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ тасдиқ гардида, ягон парвандаи аттестатсионӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор надорад.

         Ҳамзамон, дар соли ҳисоботӣ ягон ҳимояи якдафъаина ва ҳолати рад гардидани диссертатсия ба қайд гирифта нашуд.

         Дар самти фаъолияти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷониби Шуро 29 мактуби содиротӣ ва 23 мактуби воридотӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ нисбат ба раиси Шуро ва котиби илмӣ ягон огоҳӣ эълон нагардид, ки далели фаъолияти қонунманд ва шаффофияти Шуро мебошад.

         Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти Шуро саҳми аъзои он дар рушди илми иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли ҳисоботӣ аъзои Шурои диссертатсионӣ даҳҳо мақолаи илмӣ, монография ва маърӯзаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла нашрияҳои ВАК ва пойгоҳҳои байналмилалӣ (Scopus ва ғайра) ба табъ расониданд.

         Қайд карда шуд, ки фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли 2025 бозгӯи таҳкими иқтидори илмӣ, баланд бардоштани сифати рисолаҳои илмӣ ва саҳмгузории воқеӣ дар рушди илми иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

         Дар фарҷом муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти Шурои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сифати рисолаҳо ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top