27-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи III байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” баргузор гардид, ки дар он олимону коршиносони варзидаи ватанию хориҷии муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ, унвонҷӯёну магистрантҳо ва донишҷӯён иштирок карданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт ки дар шароити муосир технологияҳои рақамӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти кишвар буда, нақши он дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ бесобиқа меафзояд.
Мавсуф иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илму ихтироот бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, аз қабили технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд.
Қайд карда шуд, ки бо дарназардошти он ки технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат ҷорӣ карда шуда истодаанд, истифодаи имкониятҳои мавҷуда имконият медиҳад, ки технологияҳои рақамӣ марҳила ба марҳила дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ ва яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти технологӣ дар кишвар гардад.
Гуфта шуд, ки таҷрибаи истифодаи амалии технологияҳои рақамӣ дар кишвар бинобар сабаби дар марҳилаи нави ташаккулёбӣ қарор доштани ин самт хеле маҳдуд буда, заминаи ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва кадрӣ ба таври зарурӣ ташаккул наёфтааст. Инчунин, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, рушди воситаҳои интиқоли иттилооти илмию техникӣ, мавҷудияти махзани маълумоти муътамад, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, махсусан илмҳои техникию барномасозӣ муҳим аст.
Дар фарҷоми суханрониаш Ҷамшед Машокиров зикр намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ баргузории чунин чорабиниҳо барои мубодилаи дониш, таҷриба ва пешниҳод намудани ҳалли навоварона ба масъалаҳои муосири илму амал аҳамияти бузург доранд.
Сипас, дар доираи барномаи чорабинӣ маърӯзаҳои зерини дорои мазмуни баланди илмию амалии олимону коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ шунида ва баррасӣ карда шуданд:
1. Черняков Михаил Константинович, д.и.и., профессор, мудири кафедраи “Информатикаи амалӣ ва иқтисодиёти додаҳо”-и Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир (Федератсияи Россия) дар мавзуи “Таъсири рақамикунонӣ ба табдили моделҳои соҳибкории шабакаҳои савдои чакана”;
2. Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, д.и.т., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Амсиласозии риёзӣ ва компютерии пешгӯии ифлосшавии ҳавои атмосфера (дар мисоли шаҳри Душанбе)”;
3. Ёров Меҳрдод Раҳматуллоевич, н.и.т., дотсенти кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳамгироии назарияи хизматрасонии оммавӣ ва зеҳни сунъӣ дар низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ”;
4. Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳукумати электронӣ ҳамчун платформаи интегративӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ”;
5. Зайнудинов Сафар, н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи тақвияти институтсионалии кишвар ва иқтисоди рақамии Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Кибербехатарӣ ва амнияти иттилоотӣ”;
6. Фурмол Зоҳира, корманди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ”;
7. Шамсов Фатҳиддин Тоирович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти ДДТТ дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Баъди анҷоми маърӯзаҳо байни иштирокчиёни конференсия саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва муҳокимаи маърӯзаҳо шуруъ шуд. Дар бахши музокирот муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ва профессор Раҷаб Раҷабов баромад карда, маърӯзаҳоро мубраму муосир арзёбӣ намуда, фикру андеша ва тавсияҳои ҷолибро дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, ҳукумати электронӣ, кибербехатарӣ ва амнияти иттилоотӣ пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, маърӯзачиён бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ба аҳли толор барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди таклифу тавсияҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуд.


















Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 