ТАВАҶҶӮҲ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ЛИБОСИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Бинанда: 169 | Санаи нашр: 03 Январ 2026

30-юми декабри соли 2025 бо ибтикори Шурои бонувон ва донишҷӯдухтарони факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзуи "Либоси миллӣ - муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллат" гузаронида шуд.

Чорабиниро декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат, н.и.ҳ., дотсент Тимуршо Ғайратов ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки имрӯз занону духтарони тоҷик савод ва фарҳанги воло доранд, давлату ҳукумати мамлакат тамоми шароитро барои пешрафту дастгирии занон фароҳам овардааст. Пас, мебояд дар ҷавоб ба ин дастгириву ғамхориҳо ҳар зан-модар ва духтари боиффати тоҷик суханони Президенти мамлакатро ҳамчун насиҳати падарона қабул намуда, бегонапарастиро аз байн баранд.

Сипас, дар чорабинии мазкур муовини ректор оид тарбия, н.и.и., дотсент Гулнора Ҳисориева суханронӣ карда, қайд намуд, ки либоси миллӣ рукни муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоии худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон ҳамчун посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллӣ шинохта шуда, либоси миллӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои фарҳанг ва тамаддуни миллатҳои гуногуни ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Инчунин, раиси Шурои бонувон ва донишҷӯдухтарони факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Каримзода Мадина Исоқидин суханронии пурмуҳтаво намуд. Мавсуф иброз дошт, ки ҳамқадами замон будан, албатта, хуб аст, аммо суннату оину урфу одати миллиамонро фаромӯш набояд кард.

Агар ба либосҳои миллии мардумони ҷаҳон назар афканем, тахайюл, тафаккур ва табиати сарзаминашон инъикос гардидааст. Дар либоси миллии мо низ рангорангии табиати зебои Ватан ва иффати занона тасвир ёфтааст, аз ин рӯ онҳо хеле зебо ба назар мерасанд. Имрӯз либоси миллати тоҷикро дигарон ба бар менамоянду бо он аз зебогияш менозанд, пас чаро духтару зани тоҷик аз куртаи шинами тоҷикӣ ва рӯймолу тоқӣ шарм мекардааст? Хориҷиҳо омада осорхонаҳои миллии моро, ки дар онҳо садсолаҳо инҷониб либосҳои ниёгонамон маҳфуз ҳастанд, тамошо намуда, аз либосҳои мо, ки ифодагари фарҳанги баланд, одоби ҳамида ва ҷаҳонбинии васеъ доштани аҷдодонамон мебошанд, дар ҳайрат мешаванд, аммо баъзе занону духтарони тоҷик, баръакс рӯ ба фарҳанги бегона меоранд. Тақлид ба либоси бегона, бешак, ба пастравии фарҳанги миллӣ оварда мерасонад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ донишҷӯдухтарон ҷиҳати чорабинии сатҳи баланд қаноатмандӣ намуда, ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top