ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Бинанда: 87 | Санаи нашр: 07 Январ 2026

6-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷамъомад доир гардид.

 Дар чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ва муовини декани факултети молия ва қарз оид ба илм, дотсент Тураева Муқаддам Турабоевна суханронӣ намуда, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд.

 Аз ҷумла муовини якуми ректор Абдукарим Қурбонов зикр кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дарбар гирифта, ҳамчун дастури раҳнамо барои рушду нумуъ ва ободониву созандагӣ хизмат менамояд.

 Гуфта шуд, ки ҳадафҳои стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи қувваи барқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, рушди неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ, вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” аз масъалаҳои меҳварии Паёми Сарвари давлат ба ҳисоб мераванд.

 Сипас, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки Паём ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таҳлилӣ буда, ҳисоботи Сарвари давлат оид ба ҷамъбасти фаъолияти яксола маҳсуб меёбад. Паёми Президенти мамлакат тантанаи истиқлолият ва демократия буда, он муаррифии расмии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ ва оламиён маҳсуб ёфта, дар низоми давлатдорӣ аҳамияти муҳимми сиёсӣ, байналмилалӣ, барномавӣ, стратегӣ ва афкорсозӣ дорад. Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон баён гардида, вазифаҳои афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.

 Ҷамшед Машокиров зикр намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ илм ва маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори мамлакат баррасӣ карда мешаванд. Афзоиши пайвастаи маблағгузорӣ, таваҷҷуҳ ба мақоми омӯзгор, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир шаҳодати равшани ғамхории давлат нисбат ба насли наврас ва рушди зеҳнии ҷомеа мебошад.

 Соҳаи маориф чун ҳамасола дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавқеи хос ва афзалиятнок дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз тавассути рушди илму маориф метавон ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин намуд.

 Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, дастгирии илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва кафолати пойдории давлат мебошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол афзоиш ёфта, айни замон зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

 Хурсандибахш аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ғамхорӣ ба соҳаи маориф бештар гардида, маблағгузории соҳа сол то сол меафзояд. Дар Паём иброз гардид, ки барои соҳаи маориф соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дорад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мусоидат менамояд.

 Инчунин қайд гардид, ки дар меҳвари ислоҳоти соҳаи маориф омӯзгор қарор дорад. Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ боис гардид, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа боло равад.

 Қайд гардид, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он Тоҷикистон омода аст бо ҳама кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории мутақобилаи судманд густариш диҳад. Давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати мутавозин ва бисёрсамтиро пеш мебарад, ки он имкон медиҳад бо давлатҳои гуногун, новобаста аз тафовути манфиатҳо ҳамкории созанда ба роҳ монда шавад.

 Дар фарҷоми суханрониаш Ҷамшед Машокиров зикр намуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, “Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.”

 Муқаддам Тураева, муовини декани факултети молия ва қарз оид ба илм дар суханрониаш қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун ва таъмин намудани волоияти он ва пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар Паёми навбатӣ рақамикунонии соҳаи энергетикаи кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Чи тавре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.”

Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои назаррас ва таърихӣ ин расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мебошад, ки дар раванди Паём ин соҳаи мубрам ба таври васеъ матраҳ гардид. Сармоягузории бузург ба неругоҳҳои барқии обӣ, таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди неругоҳҳои офтобӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ бо қадамҳои устувор ҳаракат дорад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун лоиҳаи миллии аср на танҳо манбаи неруи барқ, балки рамзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ба кор даровардани агрегати сеюми он дар соли 2027 марҳилаи таърихии рушди энергетикии кишвар хоҳад буд.

 Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури раҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии ватани маҳбубамон дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top