17-уми январи соли 2026 унвонҷӯи кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гафарзода Мавҷуда Тахир дар Шурои диссертатсионии назди донишгоҳ рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Такмили механизми дастгирии давлатӣ ва танзими соҳаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи ихтисоси 08.00.12 – иқтисодиёти меҳнат таҳти роҳбарии д.и.и., и.в. профессор Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич ҳимоя намуд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гафарзода Мавҷуда Тахирро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нави илм комёбӣ таманно менамоянд!
РАЁСАТИ ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 