НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 27 Январ 2026

    27-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2025 баргузор гардид.

      Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфт ва ба таври муфассал доир ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 суханронӣ намуд.

      Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) таъкид намуданд, ки: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст. Бо ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.

     Иброз гардид, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси ин гуфтаҳо ва дигар дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.

     Тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар қарор дорад.

     Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар ш. Хуҷанд, литсей, 3 факултет ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Донишгоҳ аз рӯи 37 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 7 ихтисоси барномаи таҳсилоти олии дуюми касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад.

     Дар соли 2025 донишҷӯён дар 187 гурӯҳи таълимӣ, аз ҷумла 130 гурӯҳ дар омӯзиши рӯзона ва 57 гурӯҳ дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

     Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳолати 20.01.2026-ум 4384 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 3112 нафар дар омӯзиши рӯзона, 1217 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 55 нафар дар зинаи  магистратура таҳсил мекунанд. Шумораи духтарон дар донишгоҳ 683 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар ҳисоби умумии донишҷӯён 15,5 %-ро ташкил медиҳад.

    Соли 2025 донишгоҳро 866 нафар донишҷӯ хатм намуд. Аз онҳо 11 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, ки 3 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.

    Донишгоҳ дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ, китобхонаи илмӣ, 677 компютер, 145 проектор бо экран, 102 тахтаи электронӣ, 42 ноутбук, 82 принтер, 330 адад камераи назоратӣ ва 9 адад SMART TV мебошад, ки дар раванди таълим ҳамарӯза самаранок истифода бурда мешаванд.

    Дар донишгоҳ 3 факултет мавҷуд буда, дар 15 кафедраи он 182 нафар омӯзгори доимӣ, аз ҷумла, 12 нафар доктори илм, 81 нафар номзади илм, 65 нафар муаллими калон ва 24 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷалб шудаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 51 фоизро ташкил медиҳад.

   Дар донишгоҳ 1 нафар дорандаи медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 1 нафар соҳиби медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 6 нафар Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 65 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 нафар Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

   Дар соли сипаригашта тибқи нақшаи чопи маводҳои таълимию методӣ 73 мавод ба нашр расидааст, ки аз ин 34 ададашро воситаи таълимӣ, 12 адад дастури методӣ, 24 адад комплекси таълимӣ-методӣ ва 3 адад китоби дарсӣ ташкил медиҳад.

    Қайд гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди таълим ва фаъолгардонии донишҷӯён дар донишгоҳ 47 мизи мудаввару семинарҳои омӯзишӣ, викторина ва 133 дарси намунавии таълимӣ гузаронида шуданд.

     Донишгоҳ ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос робитаи илмро бо истеҳсолот қавӣ гардонидааст. Дар ин самт алҳол 5 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо фаъолият карда истодаанд.

    Нақшаи қабул ба донишгоҳ барои соли таҳсили 2025 - 2026 тибқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 97,6 % иҷро гардид.

    Барои соли таҳсили 2025-2026-ум 4 ихтисоси нав: 1250107 - иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1230101 - муносибатҳои байналмилалӣ, 196010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, 131030408 - WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ кушода шуд. Аз ҷумла кафедраи “Технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт” низ таъсис дода шуд, ки ба он ихтисосҳои 1250112 - информатикаи иқтисодӣ, 125011026 – иқтисодиёти рақамӣ, 125010731 - иқтисодиёти бизнеси электронӣ, 131030408 - WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ, 140010202 - технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт вобаста карда шудааст.

    Дар соли 2025 ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2021–2025 аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ таҳқиқоти илмӣ анҷом доданд. Дар ин давра 1 нафар омӯзгор рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карданд.

   Омӯзгороне, ки дар соли 2025 рисолаҳои илмӣ ҳимоя карданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд. Дар соли 2025-ум 8 нафар омӯзгори донишгоҳ соҳиби унвонҳои профессор ва дотсент гардиданд.

   Инчунин 2 нафар омӯзгори донишгоҳ дар озмуни байналмилалии “Таҳқиқотчии беҳтарин” байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ ғолиб дониста шуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 ва медал гардиданд.

   Моҳи апрели соли 2025 дар донишгоҳ курси ройгони омӯзишии “Суғурта: андозбандӣ ва баҳисобгирӣ” бо иштироки мутахассисони соҳаи суғурта ва омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ ва омӯзгорони кафедраҳои молия, андоз ва андозбандии донишгоҳ ширкат варзиданд.

   Дар соли 2025 ҳафт курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ: тарроҳ – дӯзанда, пешхизмат, суғурта, забони англисӣ, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва андозбандӣ, ташкили муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳисобдорӣ дар корхона, асосҳои кор бо компютер барои омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ташкил карда шуд, ки дар маҷмуъ 196 нафар шунавандаро фаро гирифтаанд.

   Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози ҶТ”, ки ба ифтихори 30-солагии Кумитаи андоз гузаронида шуд, аз рӯи номинатсияи дастаи амалӣ донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ сазовори ҷойи 1-ум ва дар номинатсияи дастаи назариявӣ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

   Инчунин, соли 2025 дастаи донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 260202 - менеҷмент дар ҳайати Салимов Нодир, Туйчиев Асрор, Назармамадовна Гулрез, Дагиева Меҳрона ва Хушачинова Фарзина дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус баргузор гардид, тариқи маҷозӣ иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

    Дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар докторанти донишгоҳ Ҳакимов Шаҳбоз сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

    Китобхонаи илмии донишгоҳ ду соли охир дар озмуни “Китобхонаҳои беҳтарин” сазовори ҷойи намоён шуда, ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфт.

  Дар соли 2025 дар донишгоҳ 80 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 14 конференсияи байналмилалӣ, 21 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи донишгоҳӣ, 23 семинар, 17 мизи мудаввар, 2 форуми байналмилалӣ ва 2 курси маҷозии байналмилалӣ баргузор гардид.

     Омӯзгорони донишгоҳ дар ин давра 12 монография, 124 мақола дар маҷаллаҳои КОА, 237 фишурдаи мақолаҳо ва 87 мақола дар дигар маҷаллаҳо ба нашр расониданд.

    Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли ҳисоботии 2025 табодули академиро дар шаклҳои ҳузурӣ ва маҷозӣ бо як қатор донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Кадизи Испания, Донишгоҳи Кемёнг ва Донишгоҳи глобалии Ҳандонги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Орадеа, Донишгоҳи Виго, Донишгоҳи Кастамону, Донишгоҳи Эгей, Донишгоҳи давлатии технологии саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи байнипарлумонии Евразия, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи Қарағанда, Донишгоҳи Алма-Менеҷмент, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҳандозӣ намудааст.

     Дар ин давра 29 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ бо истифода аз лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун ба донишгоҳҳои ҳамкори хориҷӣ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ сафарбар карда шуданд.

      Дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар омӯзгор дар доираи барномаи аврупоии Erasmus+ KA171 ҷиҳати иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ ба Донишгоҳи Малага (Испания) фиристода шуда, 5 нафар донишҷӯ бо дастгирии Commercial Law Development Program барои иштирок дар озмуни байналмилалии Willem C. Vis International Commercial Arbitration Moot аз 15-ум то 17-уми декабри соли 2025 ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда шуданд.

      Дар баробари табодули ҳузурӣ, табодули донишҷӯён дар шакли фосилавӣ низ бо яке аз донишгоҳҳои ҳамкори Қазоқистон ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина, дар соли 2025 ду нафар донишҷӯи ДДТТ дар донишгоҳи ҳамкор ва ду нафар донишҷӯи донишгоҳи ҳамкор дар ДДТТ дар тариқи табодули маҷозӣ таҳсил намуданд.

    Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва ҷалби устодону мутахассисони соҳибтаҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати гузаронидани дарсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин раванд, аз ҷониби донишгоҳҳои ҳамкор дар давоми соли ҷорӣ 44 нафар профессор барои баргузории машғулиятҳои лексионӣ ва семинарҳо ба донишгоҳ ташриф оварданд.

     Самти дигари фаъолияти донишгоҳ татбиқи лоиҳаҳо ва рушди табодули академӣ, аз ҷумла ҷалби маблағгузорӣ тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина, айни замон дар донишгоҳ 11 лоиҳаи илмиву тадқиқотӣ ва табодулӣ бо иштироки омӯзгорон дар самтҳои гуногун амалӣ мегарданд.

     Соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда беш аз 30 нафар профессорону коршиносони шарик аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъ омада, масъалаҳои татбиқи принсипҳои иқтисодиёти даврӣ ва рушди устуворро дар барномаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор доданд.

    Инчунин, донишгоҳ як қатор созишномаҳои нави ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ таҳия намуда, онҳоро барои баррасӣ ва имзо ба шарикони байналмилалӣ ирсол кардааст. Дар маҷмуъ то имрӯз донишгоҳ беш аз 58 созишномаи ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ба имзо расонидааст.

    Айни замон дар донишгоҳ 14 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ихтисосҳои гуногун таҳсил менамоянд.

   Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо бо ширкатҳои ватанӣ ва хатмкардагони собиқи донишгоҳ, ҷиҳати ташаккул ва рушди стратегияи «Иқтисоди сабз», дар донишгоҳ 5 неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 62 кВт сохта шудааст, ки айни ҳол мавриди истифода қарор дорад.

    Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тарбияи ҷавононро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ муайян намуда, онро мутобиқ ба сиёсати давлатии ҷавонон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Дар ин раванд донишгоҳ ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои соҳавӣ ва Консепсияи миллии тарбия такя намуда, барои тарбияи ҷавонон ҳамчун шахсиятҳои худшинос, бомасъулият ва ватандӯст шароити мусоид фароҳам меорад.

   Самти тарбия серпаҳлу буда, заминаҳои воқеии ақлониву ахлоқӣ ва илмиро талаб менамояд. Раванди тарбия дар замони муосир зери таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ мураккабтару душвортар гардида истодааст. Новобаста аз ин, раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дар фаъолияти худ аз тамоми усул ва воситаҳои рӯзмарра истифода менамояд.

   Дар соли 2025 дар донишгоҳ 146 чорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, 56 чорабинӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон, 26 чорабинии варзишӣ ва 26 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯён, дар умум 254 чорабинии сатҳи донишгоҳию ноҳиявӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

    Тибқи нақшаи тасдиқшудаи дарсҳои сарпарастӣ барои соли 2025 дар донишгоҳ 80 машғулияти намунавии сарпарастӣ баргузор карда шуд. Дар соатҳои тарбиявӣ омӯзгорон бо донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои тарбияи ғоявию сиёсӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқию маънавӣ, тарғиби меҳнатдӯстӣ ва тарзи ҳаёти солим, инчунин пешгирии рафторҳои номатлуб, аз ҷумла ҷалбшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.

    Илова бар ин, роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати густариши фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба суннатҳои либоспӯшии миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ва боло бурдани нуфузи либосҳои миллӣ дар байни омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён чораҳои мушаххас андешидааст. Дар доираи ин иқдомҳо курсҳои омӯзишии “Кадбону”, гулдӯзии “Чакан”, “Пешхизматҳо” ва “Дӯзандагӣ” ба таври ройгон ба роҳ монда шуданд.

    Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ноҳиявии озмун, ки моҳи майи соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, мудири китобхонаи илмии ДДТТ Зайдуллоева Давлатмоҳ дар номинатсияи адабиёти классикӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт.

    Боиси хурсандист, ки донишҷӯи курси якуми факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук Неъматзода Дилафрӯз дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” (12.12.2025) ширкат варзида, сазовори ифтихорнома гардид.

   Хулоса, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ соли 2025-умро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷамъбаст карда, азм доранд, ки минбаъд низ ба дастоварду комёбиҳои боз ҳам хубтар ноил мегарданд.

   Пас аз суханронии ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, ки 48 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия, илму инноватсия, ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top