ҶАШНИ САДА - РАМЗИ РУШНОӢ, ГАРМИВУ УМЕД ВА ФАРҲАНГИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН

Бинанда: 35 | Санаи нашр: 28 Январ 2026

         28-уми январи соли 2026 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди сарпарастӣ дар мавзуи "Ҷашни Сада - рамзи рушноӣ, гармиву умед ва фарҳанги бостонии тоҷикон" баргузор гардид.

         Нахуст, дарси кушодро муовини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Рамазон Ғафуров оғоз намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “ҷавонон бояд бо таъриху фарҳанги миллати худ ифтихор дошта бошанд ва онро ҳифз намоянд”. Дар ин замина, омӯзиш ва таблиғи Сада ҳамчун ҷашни рӯшноӣ ва умед дар таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ ва худогоҳии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

         Сипас, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Комилҷон Алимов зимни суханронӣ иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу эҳёи ҷашну ойинҳои миллиро омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо дониста, ба рушду таҳкими онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, Аз ин рӯ, баргузории дарси кушод дар мавзуи “Ҷашни Сада – рамзи рӯшноӣ, гармиву умед ва фарҳанги бостонии тоҷикон” саҳми арзанда дар тарбияи маънавии донишҷӯён ва эҳтиром ба мероси ниёгон маҳсуб меёбад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top