ҶАШНИ САДА — АНЪАНАИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН

Бинанда: 49 | Санаи нашр: 04 Феврал 2026

03-юми феврали соли 2026 бо ибтикори кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада - анъанаи бостонии тоҷикон” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 23010205 - Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ баргузор гардид.

 Дарси кушоди тарбиявӣ бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи забонҳо, номзади илмхои филология, дотсент Масъуд Қаҳҳоров оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ниёгонамон буда, таҷассумгари таъриху фарҳанги ғании миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

 Сипас, ассистенти кафедраи забонҳо Насриддинзода Амина дар мавзуи “Ҷашни Сада - анъанаи бостонии тоҷикон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Гуфта шуд, ки тоҷикон аз азал миллати тамаддунофар дар миёни оламиён пазируфта шуда, новобаста аз монеаҳои зиёд расму ойин, анъана ва мероси фарҳангии хешро нигоҳ доштанд. Яке аз арзишҳое, ки дар масири таърих ҷойгоҳи махсуси худро дошта, аз даврони қадим то замони мо омада расидааст, ин ҷашни Сада мебошад, ки ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

 Дар фарҷоми дарси кушоди тарбиявӣ дотсенти кафедраи забонҳо Насриддиниён Бобишо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо шарофати иқдомҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои қадимаи халқи тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон аз нав эҳё гардиданд.

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top