Санаи 3-юми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси Шурои занон баргузор гардид, ки шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва мақоми занон дар Паём аз масъалаҳои асосии рӯзномаи маҷлис буданд.
Нахуст, раиси Шурои занони донишгоҳ Гулнора Ҳисориева бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ масъалаи мақому манзалати зан-модарро дар ҷомеа назаррас арзёбӣ намуданд, ки ҳар як нуктаи он аз пайки умеду орзу ба ояндаи дурахшон дарак медиҳад.
Сипас, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандӣ Муқаддам Тураева дар суханронии хеш қайд намуд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова зимни суханронии хеш иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону донишҷӯдухтарон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дошта, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро дар ҳама самтҳои фаъолият идома хоҳад дод.
Ҳамзамон муовини директори литсейи донишгоҳ Сарвиноз Шукурова ва мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Садафмоҳ Ҳомидова андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баён намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои ҷорӣ раиси Шурои занони донишгоҳ Гулнора Ҳисориева баромад намуда, ҳозиринро бо мазмун ва муҳтавои мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои аҷдодӣ ва риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ шинос намуда, таъкид ба амал овард, ки дар дарсҳои тарбиявӣ байни донишҷӯдухтарон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 