ТЕРРОРИЗМ ВА БЕХАТАРИИ ИНСОН

Бинанда: 42 | Санаи нашр: 11 Феврал 2026

         10-уми феврали соли 2026 бо ибтикори факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Терроризм ва бехатарии инсон” баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева, декани факултет Ҷовидон Сафаров, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев, муовини декан оид ба таълим Муҳаммадсафои Исматулло, муовини декан оид ба тарбия Фарҳод Шарофов иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ба хусус, экстремизм ва терроризм мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқ аз хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ барои таъмини суботу оромии сайёра дар мулоқоту суҳбатҳояшон пайваста изҳори назар намудаанд. Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид доштанд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардааст».

         Дар робита ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани заминаҳои мубориза бо ҳама шаклҳои терроризму экстремизм қонуну стратегия ва консепсияҳои зиёде амал менамоянд, ки барои мутамарказу қавӣ намудани мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва решакан намудани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ равона шудаанд.

         Бо вуҷуди ин, воқеияти ҷаҳони муосир гувоҳи он аст, ки ҳанӯз ҳам мавридҳои пайвастани шаҳрвандон ба сафи гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ ба чашм мерасанд. Аз ин хотир, мо ҳамагонро зарур аст, ки барои аз байн бурдани терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир аз ҳар вақта дида кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top