Кӯшишҳо ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвари маҳбубамон ҳукмфармоӣ дорад. Бо шарофати он мардуми сарбаланди тоҷик зери парчами ваҳдату ягонагӣ зиндагонӣ намуда, сиёсати сулҳпарварона ва сулҳи тоҷикон таҷрибаи беназири дигар давлатҳо гардид.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо ҷорӣ кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандони мамлакат ва зарари калони иқтисодӣ гардид, нағз дар хотир дорад.
Айни замон, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз онҳост, талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар тира сохта, бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки неруҳои манфиатҷӯ дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст:
Рӯзе аз хеш нишон ҷӯйи, наёбӣ гарде,
Эй ту бегонапараст, эй ту бегонапараст.
Мо, мардуми Тоҷикистон, мутмаин ҳастем, ки маводҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда хусусияти иғвоангезона доранд ва барои ҷудоиандозӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва пур аз туҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи мардуми тоҷик аст.
Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз суханони Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари ӯ сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои давлату миллат сухан мегӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаашро бо телефон хонд. Муҳаммадиқбол бошад, ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.
Чу гӯри модарро маъбад насохтед, шумо модарбахатоед
Чу гӯри падарро меҳроби имон насохтед, шумо падарбахатоед...
Чун шумо худро нашинохтед, шумо касе ҳам нестед...
Дар миёни хирманҳои бедона хасе ҳам нестед.
Суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо — мардуми одии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад?
Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ,
З-осмон дастату поят зи замин канда шавад.
Гар насӯзӣ ба ғами халқ, бисӯзад гӯрат,
Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ...
Эй дурӯғгӯён, дурӯғ аз дӯш бардоред! Аз тири суханони пучатон ҳавои зиндагиро хира насозед! Тире ки ба тирдон доред ба қалби тираи худ занед, то ҷони мардум дар амон бошад! Эй бефарҳангон, тире ки ба дили чандин нафар фарҳангиёни тоҷик задед, таърих онро фаромӯш нахоҳад кард!
Шумо як рӯз мефаҳмед, ки худ ёрӣ ба душманон кардед, э вой! Ки худ бунёди меҳан кандан мехостед, э вой! Бенангию беориро бас кунед!
Худовандо чи бенанганд,
Худовандо чи беоранд!
Баски бефарҳанги ту! Фарраву нанг надорӣ! Даббаву данги ту! Масту маланги ту! Бандаи нашъаву банги ту! Вақфи даранги ту! Дар ҳукми дигарони ту! Бегонапарастӣ ту! Сусту бемояву пасти ту! Бехираду бефарҳанги ту! Фаҳми аржанг надорӣ ту! Беҷилваю ранги ту! Мисли як пукафанги анги ту! Хуни мардум рехтаву сарсону алохун кардӣ ту! Домани таърих пур аз хун кардӣ ту! Оҳ аз дасти дилу кӯри ту! Оҳ аз кӯтаҳии ақлу шуури ту!!!
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз хиёнаткорони миллати тоҷик буда, монанди Муҳиддин Кабирӣ фурӯхташудаи сармоягузорони хориҷии худ гардидааст. Ӯ бояд дарк намояд, ки кӯшишҳояш ҳама беҳудаанд ва мардуми сулҳпарвару меҳанпарасти тоҷик намегузорад, ки ин гуна нохалафон ба ҳадафҳои нопоки худ расанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамеша дурӯғ гуфта, воқеан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, соҳиби тамоми хислатҳои манфию манфури инсонӣ аст: хурофотӣ, бесавод, тангназар, мутаассиб, қаллоб, палид, дуруғгӯй, туҳматчӣ, худсито, нешдору нешзан, хуллас, ки бешараф.
Шахсе, ки дар фикри ватан ва мардуми худ аст, аз наздик омада фикру ақидаҳояшро пешниҳод карда, хизматгори мардуми худ мешавад ва барои пешрафту ободонии Ватан меҳнат мекунад, на он ки аз дур истода санги маломат мезанад. Вале бар нафаре, ки мардуми муқаддаси ватан барояш бегона аст куҷо аз ватандӯстию ватанпарастӣ сухан гӯяд? Чунки онҳо аз ҷумлаи ашхоси кӯрдиланд ва дар ниҳодашон ҷуз кинаву бадбинӣ, нафрат, сиёҳиву харобӣ дигар чизе нест.
Ҳайратовар он аст, ки пешравии Тоҷикистон боиси ғамгинии ин хоини миллат гашта, ӯро водор месозад, ки боз барномае зидди миллату Ватани худ омода карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намояд.
Мо бояд ҳама мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хоинонро саркӯб намуда, нагузорем ки дар фазои маҷозии интернет бо ақидаҳои ифротии худ мардумро ба доми ҷаҳолат афтонанд.
Агар ба навиштаҳои хоини ватанфурӯш – Муҳаммадиқболи Садриддин дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти вай ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад.
Дар асл, аз байни ҳамаи наҳзатиҳои ҷинояткор, ки имрӯз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои аврупоӣ бо сад намуд гадоию ҳақирӣ сукунат доранд, ифротитарину мутаассибтаринашон Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз қаллобиаш низ ошкор гардидааст. Ӯ қаллобу палид заифу нотавон аст ва ноҷавонмардона тавассути расонаҳои хабарии ифротӣ бар зидди давлату миллати мо дурӯғу туҳмат паҳн мекунад. Ба таври тарсуёна ва буздилона барои манфиати худ дурӯғ мебофад ва дигаронро туҳмат мекунад. Лекин ҳамаи суханҳояш ягон асосе надоранд.
Ҳеҷ чиз лаззизтарин аз ин ду нест – забону дил, агар солим бошад, ва ҳеҷ чиз хабистар аз ин ду нест – забону дил агар фосид бошад. Ту фосиду фасодкориро бас кун!!!
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Ва мо ҷавонон аз ин мефахрем ва шукргузории чунин роҳбари давлатро мекунем.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистони орому осуда, зери сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу оромии Ватани маҳбубамон ҷонамонро дареғ надошта, намегузорем, ки ватанфурӯшон бо туҳмату сафсатаҳои беасосашон ҷомеаи моро ноором созанд.
Масъуд Қаҳҳоров, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 