19-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ самимона табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҳамасола 23-юми феврал дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки ягон кишвари дунё бе Артиши миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён омад. Дар робита ба ин, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе аввалин расми гузашти низоми (парад)-и афсарону сарбозони содиқи Ватан баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодию иҷтимоии мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуд. Дар ин давра ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаи муҳиме гузошта шуда буд ва ин ниҳоди эътимодбахши давлату миллат бо вуҷуди аз сифр оғоз намудани кор дар ин самт аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бомуваффақият баромада, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ рисолати фарзандию шаҳрвандии худро ба таври шоиста иҷро намуданд.
Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат басо бузург аст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Мо – ҳамагон хизмати шоистаи афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватанро дар рӯзҳои вазнини ба сари миллати тоҷик омада, набояд фаромӯш кунем, зеро ин қувваи эътимодноки давлат тавонист, ки мардуми шарафманди тоҷикро аз ҳолатҳои ногувори ҳамонвақта раҳоӣ бахшад”.
Маҳз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мамлакат, бахусус дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун неруи тавонои дифои кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро пурра таъмин месозад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонад, ки ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон тули солҳои мавҷудияташ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро кардаанд ва эътимоди комил дорем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии кишварро таъмин менамоянд.
Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ мо метавонем иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон вазифаи ҷонии худро сарбаландона адо менамоянд ва ин шуҷоату мардонагиро дар руҳияи ҷавонони мамлакат бедор месозанд.
Дар идомаи ҷамъомад ба чанде аз омӯзгорони донишгоҳ барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи ҷавонон, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ супорида шуданд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки боиси болидаруҳии аҳли толор шуд, анҷомбахши ҷамъомад гардид.








Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 