ТАБРИКОТИ ХАТМКАРДАИ ДОНИШГОҲ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бинанда: 71 | Санаи нашр: 20 Феврал 2026

Ифтихор дорам, ки соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуда, алҳол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодаам.

 Чун дар арафаи 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ қарор дорем, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи азизамро ба муносибати ин санаи муборак самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти таълимӣ ва илмию омӯзгориашон барору комёбӣ таманно дорам.

 Ҳамзамон, ба кулли донишҷӯёни донишгоҳ хониши хубу аъло орзу карда, гуфтаниам, ки баъди хатми донишгоҳ хизмати Ватан – модарро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адо намоянд, зеро хизмат ба ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз.

 Аминзода Сумая, хатмкардаи соли 2025-и ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top