ҒОЛИБИЯТИ “ТОҶИРИ АҶАМ” ДАР МАҲФИЛИ ЗАРИФОН

Бинанда: 32 | Санаи нашр: 25 Феврал 2026

         24-уми феврали соли 2026 дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи “Маҳфили зарифон” байни дастаҳои зарифони “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва “Боқӣ”-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.

          Тавре маълум аст, ҳадафи чорабинӣ рушди зеҳнӣ, эҷодӣ, зарофатгӯӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад.

          Дар ҷараёни мусобиқа дастаҳо ҳозирҷавобӣ, зиракии фикрӣ ва маҳорати баланди зарофатгӯӣ нишон доданд.

          Ҳайати ҳакамон ба ҳунар, зеҳн, шӯхиву зарофати дастаҳо баҳои воқеӣ дода, бо 128 хол дастаи “Тоҷири аҷам”-ро ғолиби сабқат донистанд.

          Сабқати доиргардида собит намуд, ки донишҷӯён дар баробари таҳсили хубу аъло дар чорабиниҳои фарҳангиву эҷодӣ низ ширкат варзида, маҳорати баланд нишон медиҳанд.

          Раёсати донишгоҳ ғолибияти дастаи "Тоҷири аҷам"-ро ба ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ муборакбод гуфта, барояшон дар даври минбаъдаи сабқат барору комёбӣ орзу менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top