Имрӯз (27.02.2026) унвонҷӯи кафедраи андоз ва андозбандӣ Маҳмаризозода Бадриддин Маҳмаризо дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Такмили андозбандии муассисаҳои олии касбӣ дар шароити муосир” зери роҳбарии н.и.и., дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Султонов Зоиршо Султонович аз рӯи ихтисоси 5.2.17 – Молия, муомилоти пулӣ ҳимоя намуд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Маҳмаризозода Бадриддин Маҳмаризоро барои бомуваффаият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмиву эҷодӣ комёбӣ таманно менамоянд!
Раёсати илм ва инноватсия!
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 